Интиқоли бабри барфӣ аз Тоҷикистон ба Русия

19 декабря 2018 Интиқоли бабри барфӣ аз Тоҷикистон ба Русия

Модабабри барфиро аз Тоҷикистон барои барқарор кардани саршумори ин навъи нодири ҳайвон ба Красноярск бурданд

Раёсати “Росселхознадзор” интиқоли бабри барфиро аз Тоҷикистон ба Красноярск тасдиқ карда, изҳор доштааст, ки феълан ин ҳайвони нодир таҳти назорати карантинӣ қарор дорад.

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли “Росселхознадзор” иттилоъ додаанд, ки камбудие ҷой надорад ва танҳо баъди анҷоми расмиёт бабри барфиро ба мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск раҳо хоҳанд кард.

Созмонҳои байналмилалии ҳифзи вуҳуш саршумори бабри барфиро феълан дар ҷаҳон ҳудуди 7,5 ҳазор сар мегӯянд, ки асосан дар Осиёи марказию ҷанубӣ ва куҳҳои Олтойи Русия иқомат доранд.

Қаблан саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сар арзёбӣ шуда буд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Евгений Биятов