Дар Жанаозени Қазоқистон сокинони бекор 40 рӯз аст, эътироз доранд

12 марта 2022 Дар Жанаозени Қазоқистон сокинони бекор 40 рӯз аст, эътироз доранд

Рӯзи панҷшанбеи 10 март сокинони бекори шаҳри Жанаозени Қазоқистон 39-умин рӯзи эътирози худро давом доданд.

Жанабой Нуъмонов, яке аз роҳбарони эътирозгарон гуфт, дар рӯзҳои охир теъдоди эътирозгарон пушти дари ҳукумати шаҳри Жанаозен афзудааст.

Нуъмонов гуфт, ба 150 ҷойи корие, ки ҳукумати маҳаллӣ пешниҳод карда буд, касоне ирсол шудаанд, ки вазъи бади молӣ доранд.

Ҳамзамон эътирозгарон даҳҳо пешниҳоди ҷойи кориро ба далели кам будани музди меҳнат рад кардаанд.

Мақомот ба иловаи пешниҳоди ҷойи корӣ, бархе аз эътирозгаронро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мекунад. Ҳафтаи гузашта пулис 8 танро бо айби "иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кард.

Пештар аз ин ҳукумати Жанаозен эътироф кард, ки дар шаҳр 10-11 ҳазор сокин бекор аст. Эътирозгарон аз рӯзи 31 январ ба ин тараф пушти дари ҳукумати шаҳр бо талаби ҷойи корӣ дар ширкатҳои нафткаш ҷамъ мешаванд.

centralasian