Арзиши чипта дар Тоҷикистон 23 дарсад боло рафтааст

19 декабря 2018 Арзиши чипта дар Тоҷикистон 23 дарсад боло рафтааст

Арзиши чиптаи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар давоми тақрибан як соли охир беш аз 23 дарсад боло рафтааст

 Бино бар иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар соли равон арзиши чиптаи ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав аз 1700-1800 сомонӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ба соли гузашта ба ҳисоби миёна нархи билети ҳавопаймоҳо аз 1300 сомонӣ то ба 1700 сомонӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Оҷонсии ҳавонавардӣ ё авиатсионии Тоҷикистон аз болоравии арзиши чиптаи ҳавопаймоҳо дар кишвар хабар доранд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар як соли охир ба далели гаронии нархи чипта, ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бахше аз муштариёни худро аз даст додаанд. Мусофирони водии Зарафшон ҳоло парвозҳои худро тавассути фурудгоҳи шаҳри Самарқанд анҷом медиҳанд.

Сокинони ноҳияҳои Исфараву Конибодом тавассути шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон сафар мекунанд. Сокинони Хуҷанду Мастчоҳу Ашт аз фурудгоҳи Тошканд парвоз мекунанд.

Миёни кишварҳои Осиёи миёна арзиши билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон гаронтарин ба шумор меравад.

Оҷонсии ҳавонавардӣ ё авиатсионии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки гаронии арзиши чипта дар ҷумҳурӣ ба сабаби қимат будани нархи сӯзишворӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо дар хориҷ аз кишвар будаааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дорои танҳо ду ширкати ҳавоӣ TajikAir ва  SomonAir мебошад. Ин ширкатҳо аз ҳавопаймоҳои амрикоии ширкати “Boeing” ва “ТУ”-и Русия истифода менамоянд. Фурудгоҳи Душанбе дар соли ҷорӣ ба беш аз 1 миллион мусоир хизмат расонидаааст.  



Read more: hsputnik-tj.com, фото-CC0 / Pixabay