Маркази умумурусиягии омӯзиши афкори омма – “ВЦИОМ” натиҷаи назарпурсии русиягиҳоро дар мавриди муҳоҷирон пешниҳод кард
Тибқи ин назарпурсӣ, 51 дарсади русиягиҳо бовар доранд, ки муҳоҷирон омили афзоиши ҷинояткорӣ дар кишваранд ва 49 дарсад аз афзоиши рақобат дар бозори меҳнат гуфтаанд.
"Росреестр" Парвиз Тӯхтасуновро мутахассиси ҳирфаӣ хонд
Дар ҳамин ҳол 48 дарсад баён доштаанд, ки муҳоҷирон талабот ба нерӯи кории камтахассус ва дорои музди камро қонеъ мекунанд.
Ҳудуди 53 дарсад муҳоҷиронро сабаби афзоиши шиддати иҷтимоӣ дар Русия намедонанд. Дар баробари ин 43 дарсад изҳор доштаанд, ки раванди муҳоҷират ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ дорад.
Нисфи мусоҳибон ҷонибдорияшонро аз вуруди хориҷиёни ҷавону мутахассис баён дошта, хостори ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои вуруди афроди ноқобилу камсавод шудаанд.
Русиягиҳо инчунин муносибати манфиашонро ба ҳузури хориҷиҳо дар бахшҳои гуногун изҳор доштаанд.
Аз ҷумла алайҳи кори хориҷиҳо дар ҳукуматҳои маҳаллию мақомоти худидора – 74%, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 69% ва мухолифи кори муҳоҷирон дар бахши маориф ва нақлиёти ҷамъиятӣ – 58 дарсадӣ овоз додаанд. Ҳузури муҳоҷиронро дар бозорҳои ғизо танҳо 40 дарсад ҷонибдорӣ кардаанд.
Русиягиҳо дар маҷмуъ ҷонибдорияшонро аз сафари шаҳрвандони Белорус, Олмон ва Қазоқистон баён доштаанд. Дар феҳрасти кишварҳое, ки русиягиҳо вуруди шаҳрвандонашонро хуш надоранд, Тоҷикистон, Узбакистон, Украина, ИМА ва Чин ворид шудаанд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Марина Маковецкая