Авҷи барқдуздӣ дар Душанбе ва ташкили гуруҳи корӣ: таъсири сармо ё нархи боло

18 декабря 2018 Авҷи барқдуздӣ дар Душанбе ва ташкили гуруҳи корӣ: таъсири сармо ё нархи боло

Раёсати умури дохилии Душанбе аз ташкили гуруҳи корӣ дар пойтахт иттилоъ дод, ки ба рӯёнидани қарзҳои калони пулӣ аз сокинону корхонаҳо ва ошкор кардани барқдуздҳо машғул мебошад

 ВУД бо зикри фарорасии зимистон, аз авҷи қонуншиканиҳо дар истифодаи нерӯи барқ, аз ҷумла дуздӣ, ё напардохтани ҳаққи истифодаи он нигаронӣ карда, ин амалро зарба ба буҷаи давлат хондааст.

 

Ба иттилои манбаъ гурӯҳи корӣ 749 хонаи истиқоматию  корхонаро санҷида, 249 далели ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бахши истифодаи барқро ошкор кардааст. ВУД таъкид кард, ки танҳо давоми як моҳи охир 20 ҳолати дуздии барқ дар пойтахт ошкор кардааст.

“Аз ҷумла, зимни гузаронидани санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки шаҳрванд Тошева Сабоҳат Юлдошевна, соли таваллудаш 1955, дар манзили истиқоматияш воқеъ дар кӯчаи Алачабофон, дар даруни ҳисобкунаки барқӣ ба таври дуздӣ аз ноқили якум ба қафои ҳисобкунанак автомат гузошта, ҳисобкунаки барқиро корношоям намуда, маблағи истифодаи қувваи барқро бе ҳисоб мондааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Гуруҳи корӣ зарари шаҳрванди мазкурро ба давлат 3 ҳазору  681 сомонӣ ҳисоб карда, санад тартиб додааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур муайян гардидааст, ки шаҳрванд Орифов Ориф, соли таваллудаш 1954, дар манзили истиқоматияш воқеъ дар кӯчаи Ховарон худсарона аз симчуби асосӣ ба таври ғайриқонунӣ ноқилҳои барқиро насб намуда, нерӯи барқро дар манзили истиқоматии худ бе ҳисобкунаки барқӣ истифода бурдааст. Хисороти ин амал  2 183 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар феҳрасти шаҳрвандони дигар, ки даст ба барқдуздӣ задаанд, ВУД, Шерхонова Фирӯза, соли таваллудаш 1989 ва Ҷураев Равшан, соли таваллудаш 1996-ро ном бурдааст.

Раёсати ВУД дар Душанбе бо зикри афзоиши ҳолатҳои дуздии барқ дар як моҳи охир таъкид намудааст, ки истифодаи барқ аз сӯи шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ талаб мекунад.

Авҷи ҳолатҳои дуздӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 1 ноябр нархи як киловат нерӯи барқ барои аҳолӣ аз 16,8 дирам ба 19,37 дирам ва барои корхонаҳои саноатию ғайрисаноатӣ 47 дирам муайян шудааст.



Read more: sputnik-tj.com, фото-дафтари матбуоти ВКД