Мақомоти Душанбе мегӯянд, баландтарин биноҳои пойтахт дар маҳаллаи “Ҳаёти нав”-и ноҳияи Сино бунёд хоҳанд шуд
Шодимурод Аловуддинов, муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, мегӯяд, дар “Ҳаёти нав” бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосир, аз ҷумла Маркази хизматрасонии “Душанбе сити” дар назар дошта шудааст.
Аловуддинов инчунин дар суҳбат бо “Ховар” изҳор доштааст, ки дар доираи марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз назди Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон то канали Ҳисор - кӯпруки 103, шаҳраки дипломатӣ сохта мешавад, ки ҳамаи сафоратхона ва консулгариҳо дар он ҷой дода мешаванд.
Бар асоси нақшаи тасдиқгардида, ҳудуди шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ то соли 2025 - 936 ҳазор нафар ва то соли 2040 - 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Стас Этвеш