Бонку бензину “Барқи тоҷик”: Ҳукумат аз 1 январ нақшаи нави зиддибуҳрониро пеш мегирад

17 декабря 2018 Бонку бензину “Барқи тоҷик”: Ҳукумат аз 1 январ нақшаи нави зиддибуҳрониро пеш мегирад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат нақшаи ҷадиди ҳифзи иқтисоди миллиро аз таҳдиди буҳронҳои хориҷӣ ба тасвиб расондааст, ки аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор мегирад

 Бар асоси ин нақша, чорабиниҳое дар назар дошта шудаанд, ки алайҳи таъсири таҳдидҳои хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ равона шудаанд.

Раисиҷумҳур нақшаи қаблии зиддибуҳронию таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллиро, ки 5 феврали соли 2015 қабул шуда буд, лағв карда, идораҳои давлатиро вазифадор намудааст, то ҳар семоҳа аз ҷараёни иҷрои нақшаи нав ба Ҳукумат гузориш диҳанд.

Бандҳои асосии нақшаи нав, ки ба ҳифзи иқтисоди миллӣ равона шудааст, асосан ҷилавгирӣ аз болоравии беасоси нархи маҳсулоти муҳим, аз қабили гази моеъ ва бензин, таҳкими назорату ба эътидол овардани фаъолияти бонкҳо, густариши додугирифти ғайринақдӣ ва коҳиши пойбандӣ аз муҳоҷират ба як кишвар мебошанд.

Дар баробари баргардондани эътимоди мардум ба бонкҳо тариқи суғуртаи маблағҳо инчунин беҳбуди вазъи молии корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла  “Тоҷик Эйр”, “ТАЛКО”, “Барқи тоҷик” ва корхонаи роҳи оҳан пешбинӣ гардидааст.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Михаил Климентьев



\