Мувофиқи қарори раиси пойтахт дар чор гӯшаи Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардида, дар он фурӯшандагон маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас пешниҳод мекунанд
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал баргузор мегардад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.
Бино бар иттилои манбаъ, намоишгоҳ аз 21 то 31-уми декабр, дар арафаи Соли нав дар чор гӯшаи пойтахт баргузор карда мешавад.
Гуфта мешавад, кишоварзони вилояти Суғд дар бозори "Меҳргон"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кишоварзони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) маҳсулоти худро пешниҳоди харидорон мекунанд.
Ҳамчунин, кишварзони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ дар майдончаи назди бозори "Қарияи боло"-и ноҳияи Сино ва кишоварзони вилояти Хатлон дар майдончаи назди бозори "Саховат"-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро ба сокинону меҳмонони шаҳр мефурӯшанд.
Таъкид мегардад, ки нархи маҳсулот дастрас хоҳад буд.
Read more:sputnik-tj.com,фото -© Sputnik / Рамиль Ситдиков