Анъанаҳои хуби тадрис дар Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ боиси он гаштаанд, ки имрӯз дар ин муассисаи таълимӣ аз 52 кишвари дунё зиёда аз 2 ҳазор хориҷӣ таҳсил мекунад
Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ (ДДУҶ) дар марзи қисмати авруосиёии Русия, дар шаҳри Челябинск ҷойгир шудааст. Ҷойгиршавии мувофиқ ва анъанаҳои хуби тадрис дар ин донишгоҳ боиси он гаштаанд, ки имрӯз дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 2 ҳазор хориҷӣ аз 52 кишвари дунё таҳсил мекунанд, ки 400 нафари онҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.
Кадом равия ва ихтисосҳо миёни донишҷӯён ва аспирантони тоҷикистонӣ машҳуртаранд? Чигуна илмҳои андӯхташуда барои пешравии мансабӣ дар Тоҷикистон кумак мекунанд? Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik хатмкунандаи аспирантураи ДДУҶ, дорандаи ҷоизаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар соҳаи илм, дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ дар соли 2018, Абдуллозода Рамазон Толибҷон тавзеҳ дод.
– Абдуллозода барои чӣ шумо тасмим гирифтед маҳз дар ДДУҶ таҳсили илм кунед?
– Ман ин донишгоҳро интихоб кардам, чунки чандин солҳо боз ДДУҶ бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ ҳамкорӣ доранд.
Дар соли 2013 ман ба аспирантураи ДДУҶ дохил шудам, то ки дар кафедраи амнияти фаъолияти ҳаётӣ ба корҳои таҳқиқотӣ машғул шавам. Ман ба баҳогузории ҳолати дастгоҳҳои васлкунанда ба замин дар зеристгоҳҳои навъ ва таъиноти гуногун машғул будам. Роҳбари илмии ман бисёр одами хуб, профессор, доктори илмҳои техникӣ ва мудири кафедраи “Амнияти фаъолияти ҳаёт”-и ДДУҶ Александр Иванович Сидоров интихоб шуд. Вай маро дар муайян кардани ҳадафи кор, масъалаҳои таҳқиқот ва роҳи расидан ба мақсади пешгирифтаамон бисёр кумак мекард.
– Бо шумо якҷоя дигар донишҷӯён ва ё аспирантон аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд?
– Бале, дар соли 2013 мо ду нафар будем ва ҳарду якҷоя ба аспирантура ба ихтисоси “Амнияти фаъолияти ҳаётӣ” дохил шудем. Медонам, ки боз ҳастанд донишҷӯёне, ки дар ихтисосҳои асбобсозӣ, низ таҳсил мекунанд.
Мехоҳам қайд кунам, ки ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ дар аввал ба мушкилиҳои забонӣ гирифтор мешаванд. Таҳсил дар донишгоҳ бо забони ғайримодарӣ душвор аст, аммо бо бартарафкунии ин мушкилӣ шахс метавонад дониши худро мустаҳкамтар кунад. Бо аз худ кардани забони русӣ ман дар конфронсҳо ва чорабиниҳои гуногун иштирок кардан гирифтам.
– Соҳибмаълумот гаштани шумо барои ба кор қабул шуданатон кумак кард?
– Албатта! Ҳозир ман мудири кафедраи ҳифзи релеи ва автоматикии Донишгоҳи техникии Тоҷикстон ба номи М.С. Осимӣ мебошам. Ман корҳои таҳқиқотӣ мегузаронам ва ба донишҷӯёни бакалавр ва магистр дарс мегӯям, ки ин ҳама албатта бо шарофати донишҳои андӯхтаи ДДУҶ мебошад.
– Чигуна ояндаи корӣ ва касбии худро мехоҳед созед?
– Ба наздики мо бо роҳбари илмиям Александр Иванович Сидоров вохӯрда будем ва дар доираи нақшаи ҳамкориҳои ояндаамон суҳбат кардем. Ман мехоҳам корҳои илмиамро давом диҳам ва ба тақиқоти рисолаи докторӣ оғоз кунам.
– Аз даврони донишҷӯӣ дар ДДУҶ аз ҳама зиёд чӣ дар хотири шумо боқӣ мондааст?
© SPUTNIK
Русия имсол ба Тоҷикистон ду баробар бештар омӯзгор мефиристад
– Иштирок дар семинар ва конфронсҳои гуногун. Давоми се соли таҳсил дар аспирантура, ДДУҶ маро барои иштирок дар конфронсҳо кумаки молӣ мекард. Масалан, ман ба Донишгоҳи давлатии нафтии Уфа, ба Маскав ва дигар шаҳрҳо рафта будам.
– Шумо ба довталабони тоҷике, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд, чӣ гуфтаниед?
– Ман метавонам машварат диҳам, ки онҳо маҳз ДДУҶ-ро интихоб кунанд, чунки ин донишгоҳ ба илмомӯзон имкон медиҳад дониши хуб омӯхта, дар оянда ба корҳои илмӣ низ машғул шаванд.
Read more: sputnik-tj.com,ФОТО -© Виктория Матвейчук / ЮУрГУ