Нигаронии Амрико ва Аврупо аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ

13 декабря 2018 Нигаронии Амрико ва Аврупо аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Сафорати Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуданд, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таъмин намоянд

 Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон доир ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ин бора дар сомонаи расмии сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дода шудааст.

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла “Азия Плюс”, “Радиои Озодӣ”, ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.

“Мо боварӣ дорем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс барои озодона баён намудани фикру ақидаи худ умумиҷаҳонӣ буда, аз истифодаи он дар майдони ҷамъиятӣ ва ё интернет вобастагӣ надорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудааст, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъмин намояд.

“Мо боварӣ дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе тарсу сензура ва ё беҷазо кор карданро талаб менамояд”, - гуфтааст сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 10 декабри соли равон ба шарафи 70-умин солгарди Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аҳамияти ҳифзи ин ҳуқуқҳои умумибашариро дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии матбуотро баррасӣ намуданд.

 



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Flickr/ Yuri Samoilov