Девушка в наручниках, фото из архиваБоздошти вакили ҳуқуқ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе

13 декабря 2018 Девушка в наручниках, фото из архиваБоздошти вакили ҳуқуқ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе

Жанна Исроилова - вакили ҳуқуқи Коллегияи адвокатҳои "Адл"-и шаҳри Душанбе аз як шаҳрванди Тоҷикистон барои ба манфиати ахирон ҳал кардани баҳси шаҳрвандӣ 8300 доллар гирифта, ба ваъдаашро вафо накардааст

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе вакили ҳуқуқ ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Жанна Исроилова - вакили ҳуқуқи Коллегияи адвокатҳои "Адл"-и шаҳри Душанбе аз як шаҳрванд барои ба манфиати ахирон ҳал кардани баҳси шаҳрвандӣ - баҳси манзил бо роҳи фиреб ҳанӯз дар соли 2014 8300 доллар гирифта, то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст.

"Илова бар ин, Исроилова ба ин амали ҷиноятии худ қонеъ нагашта, кирдорҳои қаллобонаи худро давом дода, боз аз шаҳрванд “А” овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб карда, аз ин миқдор санаи 15 октябри соли 2018 маблағи 5000 сомонӣ гирифта, оварда додани боқимонда 2000 долларро талаб намуд", - менависад Ожонси мубориза бо фасод.

17 октябри соли 2018 нисбати Исроилова Жанна Ҷалоловна бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ Исроилова Ж.Ҷ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда маблағи 2000 доллари ИМА дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исроилова дар арафаи анҷомёбист.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Anar Mustafayev