Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо намояндагони Шӯрои миллии сиёсии машваратии музофоти Хайнани Чин, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини раиси Шӯрои миллии сиёсии машваратии музофоти Хайнани Чин Ванг Ёонг дар бораи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мулоқот намуд.
Тавре, ки хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ҷонибҳо зимни суҳбат масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро баррасӣ намуданд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардонидани ҳамшарикии дуҷонибаи Тоҷикистону Чин метавонанд мусоидат намоянд.
“Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони густариши минбаъдаи онҳо шуданд”,- хабар додааст манбаъ.
Дар мулоқот инчунин доир ба ҳамкории ду ҷониб дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табодули назар карда шуд.
Read more: sputnik-tj.com, фото - Sputnik / Амир Исаев