Вакили дифоъ Александр Карбанов бар он аст, ки ихроҷи муҳоҷирон барои ҷиноятҳои сабук ва миёна ба як анъана табдил ёфтааст
Роҳбари палатаи вакилони дифоъи “Карабанов и партнеры” Александр Карабанов бар он аст, ки ихроҷи муҳоҷирон барои онҳо аз ҷарима дида ҷазои бадтар аст.
Инчунин вай қайд кардааст, ки хориҷ кардани онҳо барои ҷиноятҳои сабук ва миёна ба як анъана табдил ёфтааст.
“Яке аз нишонаҳои ҷазои прафилактикӣ ин таносуби масъулиятнокӣ мебошад. Ва албата барои муҳоҷир ихроҷ шудан нисбат ба супоридани ягон навъи ҷаримаи бадтар аст”, - гуфт Карабанов ба РИА Новости.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон Михаил Федотов пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон барои ҷинояти сабук ва миёна ба муҳлати якчанд сол ихроҷ карда шаванд.
Аммо ин пешниҳод ба раисҷумҳури Русия Владимр Путин писанд наомад. Вобаста ба ин Путин қайд карда буд, ки ин метавонад бар он расонад, ки барои як ҳаракати ноҷо шаҳрванди Русия паси панҷара ва муҳоҷир ба кишвараш равон карда мешаванд.
Read more: sputnik-tj.com, фото - © Sputnik