Сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав ҳамагӣ як рӯз истироҳат мекунанд\
Имсол тоҷикистониён дар Соли нав ҳамагӣ як рӯз - 1 январ истироҳат мекунанд.
Мувофиқи қонунгузории кишвар "Дар бораи рӯзҳои истироҳат" дар ҷашни Соли нав танҳо 1 январ истироҳат эълом карда шудааст.
Ҳамин тавр, ахирон рӯзи соли 2018 - 31 декабр ба рӯзи душанбе рост меояд, барои ҳамин ин рӯз дар кишвар рӯзи корӣ аст. 2 январ низ рӯзи кори эълон шудааст. Барои ҳамин рӯзи истироҳат танҳо 1 январ аст.
Ёдрас мешавем, соли гузашта тоҷикистониён дар Соли нав 3 рӯз истироҳат карда буданд.
Русия Соли навро то 9 январ таҷлил мекунад. Дар кишвар 29 декбр, рӯзи шанбе рӯзи корӣ эълон шуда, аз 30-уми декбр то 9 январ рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст.
Read more: sputnik-tjcom, фото - Sputnik