Дар "Базми Зебо" ҳунармандону раққосаҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард
Тоҷикистон зодрӯзи 70-солагӣ ва 55-солагии фаъолияти эҷодии ҳанурманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Зебо Аминзодаро таҷлил мекунад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, 17-уми декбар бахшида ба зодрӯз ва фаъолияти эҷодии бонуи рақс дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе барномаи консертӣ таҳти унвони "Базми Зебо" баргузор мешавад.
Дар барнома ҳунармандону раққосаҳо аз тамоми гушаву канори Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, 3 октбяр ҳунарманди номии тоҷик Зебо Аминзода 70-сола шуда буд. Вазорати фарҳанг эълом карда буд, ки кишвар зодрӯзи бонуи ҳунарро моҳи декбар таҷлил хоҳад кард.
Зебо Муҳиддиновна Аминзода – раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1986). 3 октябри 1948 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи хореографии Маскав дар назди Театри калони ИҶШС, Мактаби олии рақсу хореографияи Тошканд ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд.
Солҳои 1965 – 1978 - ҳунарпешаи Театри мусиқиву драмаи ба номи А. Пушкин.
Солҳои 1978 – 1993- роҳбарии бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии "Зебо"-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон.
Ансамбли ӯ тайи якчанд сол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон: Афғонистон, Булғория, Англия, Люксембург, Белгия, Шотландия, Чехословакия, Непал, Тунис, Япония, Испания, Ҳиндустон ва ғайра ҳунармандӣ кардааст. Ансамбли мазкур барандаи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбарии он унвони фахрии Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС-ро касб кардааст.
Солҳои 1993 – 1996 – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ширкати байналмилалии радио ва телевизиони "Мир", солҳои 1996 – 2003 – мушовири ШБРТ "Мир", баъд мушовири Кумитаи иқтисодии байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ.
Соли 2012 ба ватан баргашт ва дар Хуҷанд мактаби рақсии худро таъсис дод.
Соли 2014 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе омад.
Соҳиби се писар ва ҳафт набера аст.
Read more: sputnik-tj.com, фото - Sputnik