Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иҷозатномаи як телевизиони навтаъсис дар Панҷакентро ҳанӯз ба кор шурӯъ накарда, бозхондааст. Мақомоти Хадамоти алоқа сабаби бозхонди иҷозатномаи мавҷи телевизионро ба халалдор шудани мавҷ ва шикоят аз ҷониби як телевизиони дигар дар Панҷакент рабт медиҳанд.
Қарор буд, ки телевизиони "Ориённур" рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Панҷакент ба пахши барномаҳои худ шурӯъ кунад, аммо ду рӯз қабл аз ифтитоҳ, мавҷи ин телевизион аз сӯи Хадамоти алоқа бекор шуд. Мақомот далели ин корро пайдо шудани мушкил дар мавҷе медонанд, ки ба ин телевизион пешниҳод шудааст. Аммо ба иддаои муассиси телевизион, ин танҳо як баҳона аст.
Сино Ниёзов, раиси телевизиони навтаъсиси "Ориённур", ки чандест дар Душанбе пушти дари мақомот, мунтазири дарёфти дубораи иҷозатнома барои мавҷи телевизион аст, мегӯяд, баъди пахши чанд барномаи санҷишии ин телевизион дар эфир, мақомот аз ӯ хостанд пахши онро муваққатан қатъ кунад. Сино Ниёзов, раиси телевизиони "Ориённур" мегӯяд, чанд бор занг заданд, ки "пахшро қатъ кунед. Гуфтам барои чӣ, гуфтанд, аз болоят бисёр навишта истодаанд".
Мақомоти Хадамоти алоқа сабаби бозхонди иҷозатномаи мавҷи телевизионро ба халалдор шудани мавҷ ва шикоят аз ҷониби як телевизиони дигар аз Панҷакент рабт медиҳанд.
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дархости навбатӣ барои додани иҷозати мавҷи дигар ба телевизиони навтаъсис дар ҳоли баррасист. Як масъули ин ниҳод дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз болои муассиси "Ориённур" ба мақомот шикоят ворид шудааст ва бояд он омӯхта шавад.
Дар сурати дубора дарёфт кардани муҷаввиз ё парвона, "Ориённур" дар Панҷакент дувумин телевизиони хусусӣ хоҳад буд. То ин вақт дар ин минтақа ягона телевизиони мустақил "Садо ва симои Панҷакент" буд.
Коршиносон мегӯянд, як мушкили аслӣ дар роҳи таъсиси телевизионҳои мустақил дар кишвар, дарёфти муҷаввиз барои фаъолият аз мақомот аст. Муҷаввиз барои пахши барномаҳои ширкатҳои телевизионии хусусӣ бояд аз Кумитаи радио ва телевизион ва иҷозатнома барои дарёфти мавҷ аз Хадамоти алоқа гирифта шавад.
Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 34 телевизиони фаъолият мекунад. Шумораи телевизионҳои ғайридавлатӣ ҳудудан 20 то гуфта мешаванд.